Тӯраева Гулорохон Бурҳоновна
Номзади илмҳои филологӣ, омӯзгор, шарқшинос ва мураббии расонаӣ
Хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯи ихтисоси филолог – шарқшинос, омӯзгори забонҳои арабӣ ва англисӣ мебошад
Дар барномаҳои омӯзишии маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба усулҳои нави таълими забони англисӣ, саводи иттилоотию расонаӣ иштирок кардааст
Ҳаммуаллиф ва коршиноси “Хонаи СИР” дар шаҳри Хуҷанд аст. Аз моҳи октябри 2022 намояндаи минтақавии шабакаи хатмкунандагони барномаҳои ҳукумати ИМА дар вилояти Суғдро www.usant.tj ба ӯҳда дорад
Ҳамоҳангсози лоиҳаҳо дар ташкилоти ҷамъиятии Расонанигор мебошад
Машғулияти дӯстдоштааш хониши китобҳо ва тамошои филмҳо