Мирсалимов Ҷаҳонгир

27 сол дорад. Ихтисоси рӯзноманигории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро аз рӯи дараҷаи бакалавр (соли 2017) ва магистр (соли 2019) хатм кардааст. Аз соли 2013 инҷониб бо расонаҳои гуногуни чопиву электронии маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ дорад. Иштирокчии чандин семинару тренингҳо дар мавзӯи далелсанҷӣ, амнияти рақамӣ, data-журналистика мебошад.

Айни ҳол, дар сомонаи Factcheck.tj ба ҳайси далелсанҷ кор мекунад. Ба далелсанҷӣ ва таҳқиқоти журналистӣ бештар рағбат дорад ва ба назари ӯ, ин ду жанр ҷавҳари журналистикаи ҳирфаиро ташкил медиҳад.

Аспсаворӣ ва моҳидорӣ шуғли дӯстдоштаи ӯст. Ба осори нависандагоне, чун Эрнест Хемингуэй, Этел Лилиан Войнич, Мигел де Сервантес ва Чингиз Айтматов майли зиёд дорад.

Шукурова Мафтуна

Хабарнигор дар ШТР «СМ-1». Таҷрибаи кори умумӣ – 15 сол. Давоми 10 соли ахир дар телевизион фаъолият дорад. 33-сола. Оиладор ва соҳиби се фарзанд.

Ба мавзӯъҳое даст мезанад, ки дар назари аввал мушкил, аммо ҷолибанд. Ҷойи ӯ ҳамарӯза кӯча, яъне дар маҳалли ҳодиса. Ҳамаруза барои телевизион гузориши вижае интишор менамояд.

Ӯ соли 2022 ба узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русиро хуб медонад.

Шарипов Муталиб

Муаллифи китобҳои «Дар фаросуи умедҳо» (Маҷмуаи ашъор), «Журналист ва рӯзнома дар шароити маҳал».

Унвонҳо:

– Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2005)

– Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009)

– Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011)

Таҷрибаомӯзӣ:

– Соли 2008 – таҷрибаомӯзӣ дар РИА Новости оид ба менеҷменти журналистӣ

– Соли 2009 – таҷрибаомӯзӣ оид ба банду басти рӯзнома дар нашрияи «Виборча»-и Варшава, Лаҳистон

– Соли 2018 – омӯзиши таҷрибаи ҳамсоядории нек байни Олмону Лаҳистон (Берлин, Олмон)

Маҳкамова Гузал

Рӯзноманигор-фрилансер. Хатмкардаи шӯъбаи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2002-2007).

Ҳамзамон, бо фаъолияти рӯзноманигорӣ, бо гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ низ машғул аст.

Ӯ яке аз ташкилкунандагони гурӯҳи ташаббускори занони рӯзноманигори вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.

Бештар дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ менависад. Дар як соли ахир силсилаи муҳтавоҳо оид ба масъалаҳои ҳассоси гендерӣ таҳия кардааст.

Почоева Мадина

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров, шӯъбаи журналистика ва назарияи тарҷума.

Маълумот: олӣ, ихтисос: рӯзноманигор-омӯзгор

Қадрдонӣ: Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистону Бӯстон ва ноҳияи Спитамен бо мукофот қадрдонӣ шудааст.

Машғулияти дӯстдошта: Хондани китоб, тамошои филм ва омода намудани маводи ҷолиби касбӣ

Забондонӣ: тоҷикӣ – модарӣ, русӣ – хуб, ӯзбекӣ ва англисӣ – миёна.

Озод Мелибоев

35 сол дорад. Ихтисоси филологиро дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро аз рӯи дараҷаи мутахассис (соли 2010) хатм кардааст. Аз соли 2008 инҷониб дар соҳаи рӯзноманигорӣ фаъолият дорад. Нахуст, дар рӯзномаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Халқ овози» (2012-2015) кор кардааст. Яке аз муассисон ва аввалин сармуҳаррири нашрияи «Замон» (солҳои 2015-2018) мебошад. Баъдан, кору фаъолияташро дар «Даракчи», «Турон24» идома додааст. Ҳоло роҳбарии нашрияи мустақили «Маънавият»-ро бар дӯш дорад ва инчунин, бо расонаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.

Аълочии матбуоти Тоҷикистон.