Работы участников

Мафтуна Шукурова, Салимҷон Саидов, Таджикистан. ВАЗЪИ ТАҲСИЛИ ӮЗБЕКЗАБОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУҒД

 

Подготовлен мультимедийный материал о состоянии обучения узбекских студентов в Таджикистане, особенно в Согдийской области. В нем также представлены статистические данные о количестве узбекских жителей Согдийской области. Мы представили его в виде диаграммы или инфографики. Также с активной узбекской хананой на таджикском языке подготовлено кэпшен-видео.

Дар Тоҷикистон баробари халқи тоҷик дигар аз ақалиятҳои миллӣ умр басар мебаранд, ки фоизи зиёди онро ӯзбекзабонҳо ташкил медиҳанд. Тақрибан 21 фоизи аҳолии кишварро ӯзбекҳо фаро мегиранд.  Шумораи ин ақалияти миллӣ дар вилояти Суғд низ кам нест.

Тоҷикистон, ки аз рӯи Кониститутсия давлати демократӣ аст, ҳамаи ақалиятҳои миллӣ ҳуқуқи баробар доранд. Бинобар ин барои шароит муҳайё намудани таҳсили ӯзбекзабонҳо низ мактабҳои сирф ӯзбекӣ ва омехтаи тоҷикиву ӯзбекӣ амал мекунад.

Гузориши моро, ки аз мактаби тоҷикӣ-ӯзбекии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд омода шудааст, тамошо намоед.

ШУМОРАИ АҚАЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ ДАР СУҒД

Дар вилояти Суғд аз рӯи маълумотҳои оморӣ 14,7 фоизи аҳолиро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд. Дар баробари ин дигар ақалиятҳои миллӣ низ мавҷуд мебошанд, ки аз инфографикаи зер метавонед шумораи дақиқи онҳоро муайян намоед.

Дар зеҳни Шумо суоле пайдо шудананш мумкин аст, ки чаро дар инфографика омори соли 2010 нишон дода шудааст. Мувофиқи маълумоти масъулин дар 10 сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон суръат мегирад. Омори соли 2020 нашр шудааст, аммо шумораи ақалиятҳои милӣ то ҳол вуҷуд надороад. Тасдиқи ин гуфтаҳоро аз забони  сардори Раёсати шуғли аҳолӣ, демографӣ ва тадқиқоти буҷети хонавода дар Агентии омори назди Президенети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Манзура Рустамова аз аудиои зер гӯш карда метавонед.

ХОНАНДАИ ӮЗБЕКЗАБОН: ҒОЛИБИ ОЗМУНҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Чун манзури нашри мавод, ки дар сарлавҳа зикр шудаасту вазъи таҳсил дар мактабҳои ӯзбекиро дар вилояти Суғди Тоҷикистон бозгӯ мекунад, мо аз рафти таҳсили як толибилми ӯзбекзабон дар мактаби тоҷикӣ-ӯзбекӣ, кепшин-видео омода намудем. Ин толибилм дар баробари ӯзбекзабон будан, дар озмунҳои забони тоҷикӣ иштирок менамояд ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешавад.

Аз рӯи маълумотҳои ба мо дастрасшуда 1,7 миллион нафар тоҷикзабонҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд. Ин омори расмӣ буда, дар Ӯзбекистон тасдиқи худро ёфтааст. Ин шумора дақиқ аст, ё каму зиёд маълумот вуҷуд надорад. Мавзӯи навбатии маводи мо низ маҳз аз вазъи таҳсили хонандагонии тоҷикзабон дар мактабҳои тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳад буд, ки онро пайгирӣ менамоем.

 

Чтобы проголосовать, пройдите по ссылке:

Голосование – Группа (Мафтуна Шукурова, Салимжон Саидов)

You may also like